“Дарвоқеъ бояд иброз дошт, ки сулҳу осоиштагӣ асоси рӯзгору зиндагӣ, хушбахтиву оромӣ, сарҷамъию муттаҳидии мардуми ҳар як халқу миллат буда, маҳз он метавонад сабабгори ояндаи дурахшони кишвар бошад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Мо тоҷикон – миллати қадимӣ ҳастем. Мо пеш аз он ки мусулмон шавем, тоҷик будем. «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» - инро бояд ҳар як тоҷик дар дил нигоҳ дорад. Ҳувияти миллӣ – ин асоси ҳастӣ, асоси давлат ва асоси фарҳанги мост.
Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992–1997) ҳукумати мамлакат ба таҳкими ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард. Дар баробари афзоиши таъсири гурӯҳҳои исломии тундрав дар минтақа, ҳукумат мехост ҳувияти тоҷикиро ҳамчун асоси ягонагии миллӣ боло бардорад, на динро. Ин сухан на дар маънои зидди Ислом, балки дар маънои афзалияти ҳувияти миллӣ бар ҳар гуна таъсири беруна гуфта шудааст.
Дини мубини ислом мардумро танҳо ба суи ахлоқи неку ҳамида роҳнамоӣ мекунад ва ҳамеша мусалмононро ташвиқ месозад, ки дар фикри некукорӣ бошанд ва то имкон доранд ба якдигар некӣ кунанд. Аз амалҳои волотарин дар дини ислом касеро хушнуд кардан аст. Аммо дар ҷамъияти имрӯза аз тарафи баъзе нокасон амалҳои ношоиста ва берун аз ахлоқи ҳамида рух медиҳанд ва ин қабил бадкирдорон исломро ба ҳайси ниқоб истифода карда, ба шаъну шарафи дини мубини ислом иснод меоранд.
Дарвоқеъ, дини ислом ба ягон ҳизбу ҳаракате эҳтиёҷ надорад. Дар таърихи навини тоҷикон маълум аст, ки як зумра мардуми ношукр ва аз инсоф дур гӯем хато намекунем бо номи “наҳзати ислом” ҳизбе таъсис дода, шӯру валвалаҳои зиёде ба по хезонда, хостанд бо чунин ҳангома ба сари қудрат оянд ва сипас мақсадҳои нопоку ғаразноки хешро ба сари миллати озоди тоҷик ва тоҷикистониён бор намоянд. Лек тирашон хок хӯрд ва ба ҳадафҳои нопоки худ расида натавонистанд. Воқеаҳои солҳои охир рухдода ниқобро аз рӯи онҳо бардошт ва ниятҳои нопокашонро ошкор сохт.
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва ғайраҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама, расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.
Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкурро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонидааст.
Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6–8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти онҳо ва манъ будани ғасби сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлат ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад.
Дар баробари ин соли 2007 “Қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” қабул шудааст, ки дар он мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.
Мусаллам аст, ки бо вуҷуди ғамхориҳои давлату ҳукумат баъзе аз ҷавонони сустирода ва содаю гумроҳ таҳти таъсири интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми фиребу найрангҳои ифротгароён афтода, ҳаёти худро зери хавфу хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, сохтору мақомоти давлатӣ бояд барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб кӯшиш намуда, ҷавононро аз роҳи бад ва фалокатбори гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони Сарвари давлатро пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро ҷиддан маҳкум намуда, барои ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.
Миллати тоҷик ҳамеша дар тули асрҳо ҳувияти худро ҳифз намуда, то ба боргоҳи истиқлолияти миллию давлатӣ хеш расидааст. Миллати тоҷикро миллати ҷафокашидаи ба мақсади худ расида гӯем ҳам хато нахоҳем кард. Мо бояд иродаи устувору созанда, фарҳанги бузургу эҳёгаронаи хешро боз ҳам тақвият бахшида вазифадорем, ки онро зиндаю поянда нигоҳ дорем. Барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот мо бояд ҳама аз як гиребон сар бароварда, нагузорем ки ягон шахс ё гурӯҳи ифротгаро моро ба вартаи гумроҳӣ бурда, суботу оромии ватани маҳбубамонро халалдор созад.
Боиси нигаронист, ки баъзе ҷавонони мо бо роҳҳои гуногун ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба қатлу ғорат ва дигар кирдорҳои носавоб машғул мешаванд. Дар ҷаҳони муосир душманони миллати мо, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу усул ҷомеаи моро ноором созанд, кам нестанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва фирефтаи суханони бардурӯғу беасоси намояндагони ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ нагардем.
Таъмини сулҳ, ваҳдат ва таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳар як шаҳрванди бо ору номуси кишвар мебошад. Сулҳ, дӯстӣ, тинҷӣ, рафоқат, оромӣ ва ҳамдилӣ шоистатарин неъмати рӯи замин ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, шукргузор аз он ҳастем, ки хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модаронро мебинем ва минбаъд низ баҳри ободию шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони кишварамон камари ҳиммат мебандем.
Сулҳу ваҳдат аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро танҳо бо якдигарфаҳмию ваҳдат ва дӯстии ҷовидона сулҳ барқарор шуда метавонанд. Зери ливои парафшони сулҳ мо – ҷавонон дар партави озоду ободи Ватан таҳсилу фаъолият намуда, ҳар лаҳза аз зебогиву оромии ин сарзамини беназир баҳравар гардида истодаем. Бояд гуфт, ки бе сулҳу осоиштагӣ ин ҳама зебоиҳоро наметавон эҳсос кард. Бесабаб нест, ки гуфтаанд:
Сулҳро хоҳем аз ин рӯ ҷовидон,
Баҳри хушбахтии халқҳои ҷаҳон.
Бемуҳобот метавон гуфт, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофариву сулҳоварии худ шуҳратёр гардида, бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ганҷи ноёб шарафёб гардидааст.
Албатта, меваи сулҳ ширин асту меваи ҷанг талх, зеро ҷанг миёни мардум кинаву адоват афрохта, сулҳ ба мардум якмаромӣ, ҳамраъйӣ ва зиндагии хубро фароҳам меоварад.
Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар яки мост, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи мамлакат шоҳкории беназир - “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи пурарзиш бо теъдоди 1700000 нусха чоп гардида, ба миллати тоҷик тақдим карда шуд, ки ин нишони иқдоми наҷибона ва навбатии роҳбари давлат мебошад.
Муҳимтарин рисолат ва хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлатдории миллии мост.
Ду хидмат – наҷоти давлат аз нобудӣ ва наҷоти миллат аз парокандагӣ кофист, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва наҷотбахши миллат эътироф гашта, номи ӯ дар таърихи халқи тоҷик ҷовидонӣ гардад.
Масъуд Қаҳҳоров, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 