Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвор ва ҳамзамон натиҷадорро тай кард: барқарор ва таъмини сулҳу субот, барқарор намудани институтҳои давлатӣ, беҳтар шудани инфрасохтор, идоракунии давлатӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум, болоравии обрӯ ва нуфузи кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон.
Табиист, ки дар фазои сиёсӣ ҳамеша афроде ҳастанд, ки аз рӯи ғараз, нотавонбинӣ ва ҳисси душманӣ дастоварду муваффақиятҳои ватани маҳбубумонро нодида гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлату Ҳукумати кишвар ҳар гуна иттилооти бардурӯғ (фейк)-ро паҳн карда, нуфузу эътибори ҷумҳуриро паст карданӣ мешаванд.
Аммо фикр намекунанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Сарвари сулҳдӯсту сулҳпарвар ва ташаббускори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта ва эътироф кардаанд. Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир ба ҳар гуна иттилооти беасосу бардурӯғи хоинону ватанфурӯшони миллат, ки ҳадафашон барангехтани нафрат ва даъват ба вайронкорӣ мебошад, ҳаргиз бовар намекунанд.
Бояд гуфт, ки ошкор намудан ва пешгирӣ кардани чунин амалҳои номатлуб танҳо вазифаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ нест. Он масъулияти тамоми аҳли ҷомеа, аз ҷумла оила, мактаб, донишгоҳ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва худи шаҳрвандон, махсусан ҷавонон мебошад.
Гурӯҳҳои ифротӣ асосан бо эҳсосот (эмотсия) кор мекунанд ва нишон доданӣ мешаванд, ки гӯё ҳама чиз бад аст ва туро фиреб додаанд, оғоз мешавад. Сипас душмансозӣ сурат мегирад, яъне айб ба як гурӯҳ ё институт бор карда мешавад. Баъдан қаҳрамонсозӣ карда, шахс ё гурӯҳ худро наҷотбахш нишон медиҳад ва дар ниҳоят ба талаби амал мерасад – аз паҳн кардани пост то қадамҳои ғайриқонунӣ.
Аломатҳои хатарнок дар паёмҳо одатан дар умумисозии ифротӣ («ҳама дурӯғ мегӯянд», «ҳама хиёнаткоранд»), даъват ба нафрату таҳқир, нишон додани қонун ҳамчун «монеа», мантиқи «ё бо мо, ё зидди мо» (сиёҳу сафед кардани воқеият) ва ваъдаҳои зуду фиребанда («як ҳаракат кун, ҳама чиз ҳал мешавад») зоҳир мешаванд.
Дар ин марҳала шахсону гурӯҳҳои манфиатҷӯ ҷавононро бевосита ҳадаф қарор медиҳанд, зеро ин қишри ҷомеа бештар осебпазиранд: онҳо дар давраи ташаккули ҳувият ва ҷаҳонбинӣ қарор доранд, эҳсосотнокиашон баланд аст ва норасоии тафаккури таҳлилӣ ҳамеша имкон намедиҳад, ки ҳар як паёмро мустақилона арзёбӣ ва хулосабарорӣ кунанд.
Гуфтаҳои боло ишорат бар он мекунанд, ки ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо (хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди «Facebook», «Instagram», «Youtube») хоинони давлату миллати тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пешравиҳоро нодида гирифта, ҷомеаро ноором созанд. Яке аз ин хоинони ватанфӯруш Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо ном ишорат намудани он боиси хира шудани табъ мегардад, ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, афроде, ки ба манфиатҳои ватану миллат хиёнат мекунанд, дар вазъияте қарор гирифтаанд, ки хорӣ ва залилиашон бозгӯи суқути ахлоқӣ ва беобрӯии иҷтимоии онҳост. Тавре бузургон гуфтаанд «Чоҳкан зери чоҳ». Насли ҷавони тоҷик ба чунин кирдорҳо бетараф набуда, ба онҳо посухи сазовор медиҳад, зеро ин насли нав дар замоне ба воя расидааст, ки тинҷиву амонӣ, осмони софу беғубори Ватани аҷдодӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони азиз партавафшон мебошад.
Ба ҷавонони шуҷои Ватани азизамон пешниҳод менамоем, ки зиракии сиёсиро ба раванди ҳамешагии фаъолияти худ табдил дода, заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳанд. Зеро таҷрибаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намудааст, ки субот ва пешрафти кишвари азизамон натиҷаи тасодуф набуда, балки самараи иродаи миллӣ, роҳбарии хирадмандона ва ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Темурмалик Сафаров, омӯзгори ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 