Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии соли нави таҳсили 2018-2019 ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору таҳсил ва зиндагиашон барору комёбиҳо таманно доранд.

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar Намоиши маҳсулоти нонӣ

Таҳсилоти фосилавӣ

Sample image

Таҳсилоти замонавӣ дар инҷо бунёд мегардад.

Муфаcсал

Робитаҳои байналмилалӣ


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муфаcсал

Литсей

Sample image

Литсей дар назди донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Муфаcсал

Китобхона

Sample image

Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон .

Муфаcсал

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони Шумо

Хабарҳо

Забон ва ҳувияти миллӣ дар ашъори Мавлоно Забон ва ҳувияти миллӣ дар ашъори Мавлоно 11–уми октябри соли 2018 дар ДДТТ бо ташаббуси роҳбарият ва аъзои кафедраи забонҳо маҳфили илмӣ – назариявӣ та...
Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” 4-уми октябр дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати иҷрои мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ...
Чорабинии фарҳангӣ Чорабинии фарҳангӣ Бо мақсади амалӣ гардониданиталаботи мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.02.2018, №...
Базми хандаю шодӣ Базми хандаю шодӣ Рӯзи 2.10.2018 дар толори ДДТТ бо ташаббуси Раёсат ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ маҳфли гурӯҳи ҳаҷвнигорони ...
Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон	фархунда бод! Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон фархунда б... Бувад сарчашмаи донишу таълим,  Ҳама ҳарфу ҳиҷои ту муаллим! Дар ҳақиқат, омӯзгор дар ҳамаи давру замон ша...
Иқдоми шоиста Иқдоми шоиста 30-юми сентябри соли 2018 бо ибтикори раёсати донишгоҳ як гурӯҳ устодону кормандони он барои сайру саёҳати якрӯ...
Ҷаласаи муштарак Ҷаласаи муштарак Ҷаласаи муштараки коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Шӯрои олимон, ки 25-уми сентябри соли ...
Фурӯғӣ субҳи доноӣ Фурӯғӣ субҳи доноӣ Кормандони китобхонаи донишгоҳ дар бобати тарғибу ташвиқи китоб, сари вақт ба толибилмон дастрас намудани о...
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи сайёҳӣ Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи сайёҳӣ Аз 9-ум то 29-уми августи соли 2018 дар шаҳри Фуҷоуи Ҷумҳурии Халқии Чин семинари илмию таълимӣ дар мавзӯи «Идора...
Суҳбати рӯ ба рӯ ва озод Суҳбати рӯ ба рӯ ва озод Рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори ДДТТ мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нури...
Дар кӯи некномӣ Дар кӯи некномӣ Дар соли таҳсили 2017-2018 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалиев Мавлон дар озмуни байнал...
Семинари омӯзишӣ Семинари омӯзишӣ 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсҳои ДДТТ семинариомӯзишӣ доир гардид, ки дар кори он Абдуғаффор А...
Рушди фарҳанги зебоипарастӣ Рушди фарҳанги зебоипарастӣ Дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар баробари таълиму тадрис ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ а...
Ҳадиси озодию истиқлолият Ҳадиси озодию истиқлолият 6-уми сентябри соли 2018 дар толори асосии донишгоҳ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхур...
«Соли нави таҳсил барои устодону кормандони ДДТТ бояд соли дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад» «Соли нави таҳсил барои устодону кормандони ДДТТ бояд ... 30-юми августи соли 2018 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати устодон...

Намоиши маҳсулоти нонӣ

Нон бувад чун ҷони одам,
Қуввату дармони одам,
Мепарастам нони гандум,
Хӯшаҳои дони гандум.

Дар ҳақиқат нон неъмати бебаҳоест, ки тамоми аҳли башар ба он ниёз дорад ва онро азизу муқаддас медонанд. Ибораҳои маъмули нон дорӣ – ном дорӣ, нон ҳам нон – нонреза ҳам нон, нон гуфтану ҷон додан (киноя аз қаҳтию хушксолии сахт), бо нону намак истиқбол гирифтан, нон хӯрдану намакдон шикастан (кӯрнамакӣ кардан) тақвиятбахшандаи ин гуфтаҳо буда, ҳар яки моро водор месозад, ки ин неъмати бебаҳоро азизу муқаддас дониста, ба қадри заҳмати истеҳсолкунандааш – деҳқонон ва кадбонуҳои чирадаст бирасем.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём ба нон ва маҳсулоти нонӣ эҳтироми хосса дошт. Зеро дар тӯли таърих борҳо бо чашмони худ азоби гуруснагиро дидаю кашидааст. Азоби гуруснагии сахти давраи ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) – ро насли калонсол хуб дар ёд дорад. Он давраҳо ҳатто касе боварӣ надошт, ки боз давраи серию пурӣ фаро расида, дастархони мардум нони сериро мебинад.

Намоиши маҳсулоти нонӣ «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» - ро, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз тамоми ҷумҳурӣ кадбонуҳои моҳиру чирадаст зиёда аз 50 намуди нону маҳсулоти нониро ба маъраз гузоштанд, далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус, кӯшишу ғайрат ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз тадбирҳои ҳамон солҳо андешидааш 75 ҳазор гектар замин (бори аввал 50 ҳазор гектар, бори дуюм 25 ҳазор гектар) – ро ба мардум ҷудо намуд, мебошад.

Дар ин чорабинӣ кадбонуҳои моҳиру чирадасти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ нону маҳсулоти нониро ба намоиш гузошта, аз ҷониби ҳайати комиссияи тадорукот баҳои баландро сазовор гардиданд. Донишгоҳ сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо диплом ва сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

Намоиши маҳсулоти нонӣ: «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» далели равшани даврони серию пурии кишвар мебошад, ки ба шарофати таъмини сулҳу суботи саросарӣ ва меҳнати софдилонаи заҳматкашони мамлакат насибамон гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромию осоиштагии кишвар, ба қадри ин серию пурӣ, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ орзуяш мекардем, бирасем ва ба исрофи беҳудаи нон ва маҳсулоти нонӣ роҳ надиҳем. Ба ибораи дигар чунин мисраъҳои шеърии устод Мирзо Турсунзода, ки гуфта буд:

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.

- ро шиори ҳамешагии худ қарор диҳем.

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar Намоиши маҳсулоти нонӣ