БОЗДИД ВА ИШТИРОК ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CIRCULEC

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 21 октября 2025

Аз 6-ум то 10-уми октябри соли 2025 мудири кафедраи молияи донишгоҳ Баҳодур Дустматов дар лоиҳаи академии CirculEC таҳти унвони “Таҳияи барномаҳои таълимӣ ва модулҳои инноватсионии иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Эрасмус+ маблағгузорӣ мешавад, дар Донишгоҳи Казпотребсоюзи Караганда (Қараганда, Қазоқистон), Донишгоҳи Вестминстери Тошканд ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад, иштирок намуд.

Ба ин консорсиум 15 шарик – донишгоҳҳо ва марказҳои илмии бонуфузи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд, ки аз таҷрибаи ҳамтоёни аврупоии худ дар Испания, Италия ва Олмон баҳра мебаранд. Ин иттиҳоди байналмилалӣ ба эҷоди муҳити инноватсионии таълимӣ ва рушди салоҳиятҳои оянда, ки ба рушди устувори минтақа нигаронида шудааст, мусоидат мекунад.

Семинари мазкур, тавре, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, рӯзҳои 6-7 октябр дар Донишгоҳи Карагандаи Казпотребсоюзи Қазоқистон оғоз ёфт, ки дар он зиёда аз 50 меҳмонон ҳамчун роҳбари марҳилаи кунунии лоиҳа ҳузур доштанд. Сипас, силсилачорабиниҳо аз 9 то 10 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии Вестминстери Тошканд ва Донишгоҳи Осиёи Марказии Ӯзбекистон идома ёфтанд.

Дар рафти семинарҳои мазкур шарикони лоиҳаи CirculEC татбиқи озмоишии модулҳои нави таълимӣ, курсҳо ва маводи таълимиро дар сатҳҳои зерин назорат ва арзёбӣ намуданд:

• Бакалавр,

• Магистр,

• Омӯзиши якумрӣ.

Хусусияти асосии чорабинӣ иштироки на танҳо намояндагони донишгоҳҳо, балки ҳайати омӯзгорон, докторантҳо ва онҳое, ки қаблан курсҳои такмили ихтисосро хатм кардаанд, инчунин ҷонибҳои манфиатдори Осиёи Марказӣ – намояндагони корхонаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва сохторҳои давлатӣ мебошад. Андешаҳои коршиносии онҳо имкон дод, ки татбиқи курсҳои нав ва мутобиқати онҳо ба талаботи бозори меҳнат ва рушди устувор ҳамаҷониба арзёбӣ карда шаванд.

Умедворем, ки натиҷаҳои бадастомада барои таҳияи гузориши ҳамаҷонибаи озмоишӣ оид ба ҳамгироии иқтисодиёти даврӣ ва модулҳои рушди устувор ба системаҳои таълимии Осиёи Марказӣ асос хоҳанд буд. Ин чорабинӣ як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои таълимӣ ва ташаккули насли нави мутахассисон, ки қодир ба ҳалли мушкилоти табдили иқтисоди сабз ва рушди устувор дар минтақа хоҳад шуд.

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top