ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ НА КАМТАР АЗ СИЛОҲИ ЯДРОӢ

Бинанда: 31 | Санаи нашр: 27 марта 2026

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

            Э.Раҳмон

 Терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Бо ин падидаи номатлуб, яъне терроризм ва экстремизм, ки ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста шудааст, бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ метавон мубориза бурд. Боиси таассуф аст, ки экстремизм ва терроризм дар аксар мавридҳо бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии бархе аз ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, хоинону ватанфурӯшон бо ҳар роҳу восита дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопокашон ноил шудан истифода мебаранд.

 Воқеан ҳам, зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

 Мусаллам аст, ки ҳадафи аслии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии давлатҳоро зери хавфу хатар мегузоранд.

 Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми арзишманд мегузорад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон оид ба вазъи имрӯзаи мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, изҳори нигаронӣ намудаанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тадбирҳои зарурӣ андешида, бо сиёсати сулҳҷӯёнааш амалҳои террористиро ҳамеша маҳкум мекунад ва собит намудааст, ки аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва равандҳои номатлуб пешсаф мебошад.

 Дар робита ба ин, ҳар фарди кишвар, аз ҷумла ҷавононро зарур аст, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ арҷ гузоранд. Ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк кардану ҳифз намудани онҳо, ҳам қарз ва ҳам масъулият, шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш мебошад.

 Маврид ба таъкид аст, ки ҷавонон бояд худро аз падидаҳои номатлуб дур гирифта, барои пешгирӣ ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бо итминон метавон гуфт: ҷавонон, ки қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат мебошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ фирефтаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва хоинону ватанфурӯшон нахоҳанд шуд.

 Мо ҳамагон бояд шукрона кунем, ки дар фазои сулҳу субот ва ватани орому обод, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии кишварамонро мисли гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳои замони муосир ҳифз намоем.

 Мухторзода Саидмухтор, сардори маркази инноватсионӣ

 

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top