Таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва модулҳо оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор

Рақами лоиҳа: 101129169

Ҳамоҳангсози лоиҳа: Восточно-Казахстанский технический университет им. Д.Серикбаева

Шарикони лоиҳа:

Восточно-Казахстанский технический университет им. Д.Серикбаева (Казахстан)

Кокшетауский Университет им. Ш. Уалиханова (Казахстан)

Туркменский государственный институт экономики и управления (Туркменистан)

Технологический университет Таджикистана (Таджикистан)

Университет Алихана Бокейхана (Казахстан)

Международный Вестминстерский Университет (Узбекистан)

Таджикский государственный университет коммерции (Таджикистан)

Центрально-Азиатский университет (Узбекистан)

Туркменский государственный финансовый институт (Туркменистан)

Академия наук Туркменистана (Туркменистан)

Университет Сантьяго-де-Компостела (Испания)

Неаполитанский университет Федерико II (Италия)

Университет прикладных наук Билефельда (Германия)

Маълумоти умумӣ оид ба лоиҳа:

Лоиҳаи CirculEC (Таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва модулҳо оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор) ба афзоиши иқтидори сармояи инсонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти иқтисодиёти даврӣ равона шудааст, бо мақсаде, ки ба кормандон, донишҷӯён ва ҷомеаи васеъ малакаҳо ва салоҳиятҳо пешниҳод намояд, ки ба талаботи бозорҳои меҳнати маҳаллӣ ва мушкилоти экологие, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, мутобиқ бошанд.

Лоиҳа фанҳои мавҷударо дар самти иқтисодиёти даврӣ дар донишгоҳҳо такмил дода, онҳоро ба эҳтиёҷоти ҳар як кишвар (Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) мутобиқ месозад.

Ҳадафҳои лоиҳа:

  • Ҷорӣ ва ҳамгиро намудани мавзӯъҳои иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор ба барномаҳои таълимии кишварҳои шарик;
  • Суръат бахшидан ба гузариш ба иқтисодиёти даврӣ ва мусоидат намудан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва иқдомҳои “Созишномаи сабз”.

Ҳайати гурӯҳи корӣ:

  1. Назарзода Хайрулло- Ректори ДДТТ
  2. Қодирова Заррина – профессори кафедраи иқтисод ва ташкили бизнес, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои байналмилалии ДДТТ
  3. Машокиров Ҷамшед – проректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ
  4. Хисориева Гулнора – проректор оид ба корҳои тарбиявӣ
  5. Мухторзода Саидмухтор – маркази инноватсионӣ ва парки техникӣ
  6. Абдуллоев Бахтиёр – сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  7. Алимов Комилҷон – Мудири кафедраи Иқтисодиёт ва ташкили бизнес
  8. Қодирова Замира – унвонҷуи кафедраи Иқтисод ва ташкили бизнес
  9. Бегов Ҷамшед – мутахассис оид ба таҳияи сомона

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top